Нақшаи воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ 115,4 % иҷро гардид
Кӯлоб, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар»)- Дар нишасти матбуотии филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоб, ки бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон доир гардид, зикр шуд, ки кормандони муассиса фаъолияти доимии худро барои рушди суғуртаи давлатӣ роҳандозӣ намуда, мувофиқи маълумоти ҷамъбастӣ дар раванди соли 2015 оид ба ҳамаи намудҳои суғурта иҷрои нақшаҳои воридшавии пардохтҳои суғуртавиро ба 48 млн. 771 ҳазору 49 сомонӣ ё ба андозаи 115,4 % иҷро намуданд, ки ин рақам нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.
Дар ин муддат кормандони филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоб бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ шартномаҳои суғуртавӣ бастанд, ки 133 ҳазору 363 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи онҳо ба намудҳои суғуртаи ҳатмӣ 23 ҳазору 420 нафар ва 109 ҳазору 943 нафар ба намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ мансуб мебошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






