Нигоҳе ба вазъи муосири омори минтақавӣ
Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Такомули омори минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки аз донишкада хабар доданд, ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров зикр намуд, ки аз ҷониби кафедраи омори донишкада барпо намудани мизи мудаввар дар ин мавзӯъ муфид ва саривақтӣ буда, баҳри рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.
Омори минтақавӣ- низоми ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти боэътимоди иқтисодию оморӣ доир ба рушди минтақаҳои мамлакат мебошад. Дар асоси маълумоти омории минтақа фаъолияти хоҷагидорӣ ва вазъи иқтисодии бозори он, ҷалби сармоягузории минтақаҳо баҳо дода шуда, имконияти муайян намудани ҳадаф ва вазифаҳои идора, таҳияи барномаҳо ва пешгўии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо таъмин мешавад.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки маълумоти аниқ ва боэътимоди омори минтақавӣ имконият медиҳад, ки қарорҳои самараноки идора барои рушди иқтисодӣ ва ноил гаштан ба зиндагии шоистаи мардум аз рӯи иҷрои онҳо қабул шаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






