Нусратулло Давлатзода: “Соли 2015 нақшаи андозҳо ва пардохтҳо зиёд ҷамъоварӣ гардид”
Душанбе, 25.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Дар соли 2015 нақшаи андозҳо ва пардохтҳо ба андозаи 101,3% таъмин гардида, ба ҷойи 7 858,6 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 7 млрд. 961,8 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 103,2 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар соли 2014 воқеан ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 844,7 млн. сомонӣ, ё худ 12 % бештар мебошад”,- гуфт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2015 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-111,0%, вилояти Хатлон-103,1%, вилояти Суғд-101,5% ва шаҳри Душанбе-95,0% таъмин шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






