Ҳодисаҳои дуздӣ дар Ховалингу Кӯлоб

Январь 4, 2016 11:22

Душанбе, 04.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ба мақомоти милитсия хабар расид, ки шаби 25 ба 26.12.с.2015 шахсони номаълум бо тариқи шикастани қулфи дар, вориди мағозаи шахсии сокини 37-солаи ноҳияи Ховалинг шуда, аз он ҷо 15 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир гардид. Далели шайъӣ қисман гирифта шуд.
Дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 01.01.с.2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ду нафар сокини ноҳияи Восеъ: марди 22-сола ва марди 21-сола, ки пеш бо моддаи 244 қ. 2 КҶ ҶТ суд шудааст, бо гумони даст доштанашон дар ҷинояти дуздӣ дастгир гардиданд. Гумонбаршудагон шаби 31 декабр бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи зани 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, 100 доллари амрикоӣ ва 100 сомонӣ пули нақдро, ҷамъ ба маблағи 41000 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамчунин кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояткорон дар ҳодисаи дигари дуздӣ низ даст доранд. Онҳо 24.11.с.2015 бо тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии сокини 37-солаи ноҳияи Восеъ гардида, аз дохили сандуқ маблағи пулӣ 800- доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Январь 4, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд