«Пешоҳанг» дар Айнӣ: Тоҷикистон аслан кишвари ҷавонон аст
Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар») -19 январи соли равон бо ташаббуси ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар муассисаи таҳсилоти умумии№1-и ноҳияи Айнӣ вохӯрии ҷавонон ва донишҷӯён бо хонандагон таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ 200 хонанда аз 10 мактаби ҷамоати деҳоти Айнӣ ва 30 донишҷӯ ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» хонандагонро ба донишомӯзӣ, рафтори намунавӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир даъват намуданд.
Зикр гардид, ки мактаббачагон бояд аз илму ҳунар бархурдор гардида, аз амалу кирдорҳои ношоям ва гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дурӣ ҷӯянд, зеро танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо наврасони лаёқатманди вилояти Суғд 4-уми апрели соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд гуфт: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир барои тарбияи истеъдоди насли наврасу ҷавони кишвар, яъне ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат тамоми шароиту имкониятҳои худро истифода карда, барои таълиму тарбия ва обу тоби онҳо аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ шароит фароҳам оварда истодааст. Тоҷикистон аслан кишвари ҷавонон аст. Аз ин лиҳоз, мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва неруи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост».
Дар вохӯрӣ 22 хонандаи болаёқат бо Сипосномаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






