Р. Раҳимзода: Ҳадафи баргузории машқҳо санҷиши ҳолати омодабошист
Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми соли 2015 Фахриддини Холбек, хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро чунин саволҳо дод:
— Мақсади гузаронидани машқҳои рӯзи якшанбе аз ҷониби мақомот дар чӣ буд?
-Тибқи баъзе овозаҳо гӯё 11 нафар кормандони хадамоти таъйиноти махсуси амният ба самти номаълум фирор кардаанд.
-Дар ноҳияи Ҳисор 3 корманди милитсияро ба қатл расонидаанд.
-Ба минтақаи Кӯлоб толибон ворид гардидаанд ва гузаронидани машқҳои рӯзи якшанбе ба ин овозаҳо рабт доранд ё не?
Ба ин саволҳо вазири корҳои дохилии мамлакат чунин ҷавоб дод:
— Гузаронидани машқҳои рӯзи якшанбе ба ин овозаҳо ягон иртибот надорад ва ягон корманди воҳидоти махсус фирор накарда, дигар ҳодиса ҳам сар назадааст. Ин овозаҳо нодуруст буда, ягон асоси воқеӣ надошта, аз ҳақиқат дуранд. Бо назардошти вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ, хатару таҳдидҳои замони муосир, мубориза бар зидди тероризму экстремизм ва дигар намуди зуҳуроти номатлуб тамоми давлатҳои дунё барои осоиштагӣ ва суботи ҷомеа дар кишварҳои худ тадбирҳои дахлдор меандешанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин таҳдиду хатарҳои муосир бетараф буда наметавонад. Бинобар ин, мақсади баргузории машқҳои рӯзи якшанбе аз санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба таъмини бехатарии шаҳрвандон иборат буда, ягон ҷойи хавотирӣ ва нигаронӣ надорад.








Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад






