Рамиресро чиниҳо хариданд
Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Футболбози шӯҳратёри бразилиягӣ Рамиресро, ки дар клуби футболи «Челси»-и Англия бозӣ мекард, клуби футболи «Тсзянсу Сайнти» -и Чин ба маблағи 33 млн. евро харид. «Тсзянсу Сайнти», ки мехоҳад дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат кунад, бо мақсади пурқувват кардани ҳайаташ ба ин амал даст задааст. Рамирес соли 2010 аз дастаи «Бенфика» ба маблағи 17 млн евро ба «Челси» гузаштааст. Як сол қабл «Челси» шартномаашро бо ин бозингар ба муддати 4 -сол тамдид карда буд, аммо роҳбарият маблағи хуби пешниходшударо аз клуби «Тсзянсу Сайнти» ба назар гирифта, ӯро фурӯхтанд. Рамирес дар ҳайати «Челси» 251 бозӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 34 тӯб задааст.
Ба клуби футболи «Тсзянсу Сайнти» мураббии машҳур Дан Петреску машқ медиҳад ва соли гузашта ин даста дар зинаи 9-уми чемпионати Чин қарор дошт.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






