Роғун: Корҳои тарғиботӣ оид ба Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Январь 29, 2016 15:43

Роғун, 29.01.2016. (АМИТ Ховар). — Дар шаҳри Роғун бо иштироки раиси шаҳр Шарифзода Шариф, гурӯҳҳои корию тарғиботии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони марказӣ бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеъ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси шаҳр Шарифзода Шариф хулосаю дастурҳои дар Паём омадаро шаҳр дод.
Инчунин муовини якуми раиси шаҳри Роғун Исмоил Раҳимов оид ба муҳтавои Паёми имсола изҳор намуд, ки ҳамагонро зарур аст дар қатори дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои расидан ба ҳадафҳои асосии стратегӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки дар Паём дарҷ гардидаанд, пайваста талош намуда, дар давраи кории соли 2016 фаъолияти меҳнатиро дучанд намоянд.

Январь 29, 2016 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд