С.Тағойзода: Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа 18 % кам шуд
Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Дар соли 2015 аз ҷумҳурӣ 552 ҳазору 596 шаҳрванд ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намуд, ки аз инҳо 487 ҳазору 929 мард ва 64 ҳазор 667 зан мебошанд». Дар ин бора имрӯз, 22 январ зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода иттилоъ дод.
Муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар ин муддат ба Федератсияи Русия — 541 ҳазору 636 нафар, Қазоқистон — 10 ҳазору 957 нафар сафар кардаанд.
“Ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба соли 2014-ум 118 210 нафар ё ин ки 18 % кам шудааст.
Дар соли 2015 аз хориҷи кишвар 388 ҳазору 593 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 347 ҳазору 954 нафар мардҳо ва 40 ҳазору 639 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2014-ум 65 ҳазору 392 нафар ё ин ки 14 % кам шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






