Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 15 январ Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АИ ҶТ сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин, дар сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Яқубова, президенти Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Почоҷонов, муовини директори муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Наим ва дигарон ҳузур доштанд.
Дар кори сессия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе, ки дар бахшҳои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Дар сессия 15 маъруза аз 12 бахш шунида шуд. Аз бахшҳои геоэкология, физика ва таъриху бостоншиносӣ ду маъруза ва аз дигар бахшҳо як маъруза шунида шуд. Ҳадаф аз чунин чорабинӣ ҷалб ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба корҳои илмӣ мебошад. Ҳар як бахш дар назди институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои ҶТ фаъолият мекунад. Хонандагон дар давоми сол бо олимони барҷастаи тоҷик тарзу усули омода намудани гузоришҳо, корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва маъруза намуданро меомӯзанд.
Мақсади асосии чорабинӣ шиносоӣ бо натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии хонандагон ва баланд бардоштани маҳорати зеҳнии онҳост.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






