Шӯрообод: баррасии самтҳои асосии коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ

Январь 11, 2016 14:49

Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бобати рушди соҳибкорӣ дар маҳалҳо ва мусоидат дар коркарди маҳсулот чорабиниҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Махсусан барои коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, самтҳои афзалиятноки рушди он ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ мусоидат карда мешавад. Бо ин мақсад дар заминаи татбиқи Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” вохӯрии истеҳсолкунандагони шир дар ноҳияи Шӯрообод бо намояндагони Комбинати шири шаҳри Кӯлоб доир гардид, ки тамоми паҳлуҳои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони комбинати шири шаҳри Кӯлоб иброз намуданд, ки барои харидорӣ ва коркард намудани шир аз аҳолии деҳот омодаанд ва дар ин замина барои вусъати ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони шир ҳавасаманд мебошанд. Ба роҳ мондани ҳамкории зич байни истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои коркарди ватанӣ, аз омилҳои пешрафти иқтисодиёти ҳам аҳолии деҳот ва ҳам корхонаҳои коркарди ватанӣ ба шумор меравад.
Бо мақсади тақвияти дониш ва малакаи корбарии аҳолӣ дар самти соҳибкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Саричашма ва Шӯроободи ноҳияи Шӯрообод семинари омӯзишӣ барои соҳибкорон дар мавзӯи “Усулҳои назариявӣ ва амалиявии таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ” гузаронида шуда, тартиби омода намудани нақшаҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба андозбандии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” барои рушди соҳибкорӣ дар дигар ноҳияҳои зерҳадаф чунин чорабиниҳо гузаронида мешаванд ва дар ин замина барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни истеҳсолкунандагони маҳсулот ва корхонаҳои коркарди он мусоидат мешавад.

Январь 11, 2016 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд