Шаҳрдори Қайроққум: Дастовардҳо дар соли гузашта назаррасанд
Қайроққум, 13.01.2016. ( АМИТ “Ховар”).-Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум бо иштироки рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор гашт. Зимни он раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлуба Амонзода нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро ба риштаи таҳлил кашида, таъкид намуд, ки дар ин давра нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар сатҳи дилхоҳ рушд намудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми соли 2015 қисми даромади буҷети давлатӣ 107,4% ва буҷети маҳаллӣ — 107,4 % иҷро гардид. Ҳамзамон воридоти барзиёди андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр, сари вақт таъмин гардида, танҳо ба ду соҳаи асосӣ — маориф ва тандурустӣ 72,1% маблағи буҷет равона карда шуд.
“Боиси зикр аст, ки соли 2015 дар шаҳр 8 коргоҳи нав бо таъсиси 110 ҷои нави корӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар умум аз ҷониби 29 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 1 млрд. 146 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Ҳамчунин соли гузашта ба иқтисодиёти шаҳр 342,3 млн. сомонӣ (соли 2014 — 190 млн. сомонӣ) сармояҳо ҷалб гардидаанд, ки он нисбат ба соли 2014 — 1,8 баробар зиёд мебошад. Аз он 271,9 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ ба коргоҳи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин барои васеъ намудани сехи коркарди консентрати металлҳои руҳ ва сурб ба маблағи 265 млн. 207 ҳазор сомонӣ ва ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба маблағи 6 689,8 ҳазор сомонӣ дастгоҳи бофандагии «Ванд де Вил» аз давлати Белгия ҷудо гардида, боқимонда 70,4 млн. сомонӣ сармояи дохилӣ мебошад”, — баён дошт раиси шаҳр.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






