Шеъри тоҷик дар Кувайт
Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Маҷаллаи фарҳангию адабии робитаи нависандагони Кувайт «ал-Баён» дар шумораи навбатии худ (декабр/2015) маҷмӯаи ашъори Гулрухсор ва Фарзонаро ба забони арабӣ таҳти унвони “Ду шоира аз Тоҷикистон” нашр кардааст. Шеърҳоро ба забони арабӣ шоир ва тарҷумони арабизабон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар тарҷума кардааст.
Шоистаи ёдоварист, ки ҳаводорони шеър дар Кувайт ҳанӯз соли 2006 бо намунаҳои ашъори шаш шоираи тоҷик, ки рӯзномаи бонуфузи “ал-Қабас” дар чанд шумораи худ ба табъ расонида буд, ошно шуда буданд.
Ҳамчунин дар ҳамон сол дар Кувайт маҷмӯаи ашъори шоирони шинохта Гулрухсор ва Гулназар дар тарҷумаи Назруллоҳи Назар таҳти унвони “Гули рухсор ва гули назар” чоп шуда, дастраси хонандагони араб гардидааст. Қабл аз он дар соли 1999 маҷмӯаи ашъори шоираи маъруфи Кувайт Суод ас-Сабоҳ дар Тоҷикистон дар тарҷумаи устод Гулназар бо номи “Хаймаи қудсии сухан” мунташир шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






