Қӯшунҳои сарҳадӣ: Боздошти 106 вайронкунандаи Сарҳади давлатӣ ва мусодираи беш аз 1 ҳазор кг маводи мухаддир
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизмати-ҳарбӣ дар соли 2015 баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Ятимов Саймумин, муовинони фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳо ва фармондеҳони ҷузъу томҳои Сарраёсат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2015 баррасӣ гардиданд ва вазифаҳои хизматӣ барои соли 2016 муайян карда шуданд.
Дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои СҚС КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 78 амалиёт гузаронида шудааст, ки аз он 36 амалиёт дар алоҳидагӣ ва 32 амалиёт бо КДАМ ҶТ мебошад.
Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 30 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, дар рафти онҳо 16 қочоқчӣ безарар гардонида шуданд.
Дар ин давра 106 нафар вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 36 нафар, Ҷумҳурии Қирғизистон 5 нафар, Ҷумҳурии Тоҷикистон 151 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10 нафар, Ҷумҳурии Мардумии Чин 2 нафар ва Федератсияи Русия 5 нафар мебошанд.
Аз қочоқчиён ба миқдори 1 ҳазору 252 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 43 кг героин, 331 кг афюн, 876 кг бангдона (ҳашиш, чарс) мусодира гардидааст. Инчунин дар сарҳад 856 ҳазору 567 бех банги худрӯй муайян, ҷамъоварӣ ва дар иштироки комиссияҳои минтақавӣ нобуд карда шуд.
Ҳамзамон дар натиҷаи ин амалиётҳо 24 адад яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун бо 1 ҳазору 209 дона тир, 27 адад тирдон ва зиёда аз 20 адад норинҷакҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Аз қочоқбарони мавод ва молҳои ниёзи мардум 140 тонна селитра, 50 тонна ангиштсанг, зиёда аз 40 тонна оҳанпора, 100 тонна семент ва дигар маводҳои ниёзи мардум дарёфту мусодира гардидааст.
Нисбати амволи дастгиршуда 142 ҳазору 795 сомонӣ пардохти гумрукӣ ба фоидаи давлат гузаронида шудааст.
Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ 1 ҳазору 121 нафар: 12 вайронкунандагони низоми Сарҳади давлатӣ, 303 вайронкунандагони низом дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ, 430 вайронкунандагони қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ, 376 ашхоси дар кофтуков қарордошта боздошт шуданд.
Дар ҷаласа, баъзе норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима ва муҳлату чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани онҳо муайян карда шуданд. Ба роҳбарони Раёсатҳо ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ оид ба сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад, инчунин масъалаҳои зимистонгузаронӣ ва таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷамъбаст, Отрядҳои сарҳадӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадии намунавӣ аз номи Раиси кумита ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳо сазовор гардонида шуданд.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






