Соҳибкорони минтақаи Кӯлоб даҳҳо мактаб сохтанд

Январь 15, 2016 14:25

Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ “Ховар”). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар масъалаи густариши ҳамкории соҳибкорон ба соҳаи маориф зикр намуд: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор мешаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои қиёсии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд».
Дар ин замина соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди сохтмони муассисаҳои таълимии шакли нав саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фархор бо дастгирии молиявии соҳибкорони маҳаллӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 35 — 4, №47 -3 , №18 -2, №26- 4, №31 — 4 ва № 28 — 4 синфхонаи иловагӣ ба истифода додаанд.
Бо дастгирии соҳибкорон- Хуршед Нозимов бинои муассисаҳои таълимии №2 барои 1640 хонанда, Диловар Муҳиддинов бинои муассисаи таълимии №6 барои 340 хонанда ва Абдуғаффор Давлатов бинои литсейи №2 ва Убайдуллои Фирӯз дар маркази шаҳраки Фархор, муассисаи хусусии кор бо кӯдакони лаёқатманд бо номи «Иқбол» барои 340 хонанда бунёд гардид. Соҳибкори дигар У. Фирӯз ба нақша гирифтааст, ки дар маркази шаҳраки Фархор барои 2500 хонанда муассисаи таълимии байналмилалиро созад.
Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳаи Арчаи деҳоти Деҳқонариқ дар заминаи бинои кӯҳнаи собиқ муассисаи таълимии №8 ба тариқи ҳашар кӯдакистони ба номи Темурмалик бо фарогирии 100 кӯдак, дар деҳаи Хуррамзамин сокинони деҳа бинои ёрирасони муассисаи таълимии №16 -ро таъмиру навсозӣ намуда, ба кӯдакистони «Фазл» табдил додаанд. Дар деҳоти Гулшан аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Шокир Назаров, Расул Бобоназаров ва Мирзохон Ҳафизов кӯдакистони №10-и ба номи «Ораш» бо фарогирии 100 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Соҳибкорони ноҳияи Фархор инчунин барои гузаронидани фасли зимистон муассисаҳои таълимии ноҳияро ба миқдори 1500 метри кубӣ бо ҳезум таъмин намудаанд.
Дар ноҳияи Муъминобод соҳибкорон ва мардуми саховатпеша бунёди 50 синфхонаи иловагиро дар назди муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таълимии №15-и деҳаи Шаҳрак 10, №31-и деҳаи Садбаргоҳ- 10 , №17-и деҳаи Фурӯзова — 8 , №47-и деҳаи Шулулу 4 , №13-и деҳаи Момандиён- 2 синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Чилдухтарон аз ҷониби сокини ҳамин маҳалла Рамазон Қурбонов муассисаи таълимии №55 барои 200 хонанда мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ноҳияи баландкӯҳи Шӯрообод соҳибкори маҳаллӣ Шариф Назиров дар деҳаи Гулистони деҳоти Саричашма бунёди мактаби нави дорои 8 синфхонаро ба уҳда гирифтааст.
Дар соли равон аз тарафи сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Темурмалик А. Доробов як синфхонаи ҳозиразамон бо тамоми таҷиҳизоти замонавӣ дар назди муассисаи таълимии № 29 бунёд шуд.
Бовар дорем, ки фаъолияти соҳибкорони ноҳияи Фархор барои дигар шахсони соховатпешаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб намунаи ибрат хоҳад гашт.

Январь 15, 2016 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад