ТҶ «Парастор» дар самти коҳиш додани хушунат дар оила кӯшиш дорад
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- ТҶ “Парастор” дар самти коҳиш додани хушунат дар оила фаъолияти ҳамаҷониба намуда истодааст. Ин ташкилот дар таъмири синфхонаҳои фанни меҳнат дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии №55 — и ноҳияи Ҳисор, мактаби таҳсилоти ҳамагонии №44-и ноҳияи Варзоб, мактаби таҳсилоти ҳамагонии №34-и ноҳияи Шаҳринав саҳми назаррас гузошта, дар баланд бардоштани малакаи касби чеварии духтарон ва занон мусоидат намудааст. Дар мактаб-интернати №1-и ноҳияи Рӯдакӣ 5 сол аст, ки 30 духтар нозукиҳои касбии чевариро омӯхта, аз ҳисоби он сатҳи зиндагии хешро беҳтар кардаанд. Ташкилоти мазкур дар ноҳияи Ваҳдат низ тавонист саҳми худро гузорад. Ин ташкилот ҳуҷраи либоскашии толори варзиширо тармим намуда, барои духтарон либоси варзишӣ харид.
Ҳадафи фаъолияти ташкилот — ин ҷилавгирӣ аз зӯроварии хонаводагӣ буда, барои пешгирии никоҳҳои бармаҳали духтарони аз 16- то 18-сола мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






