Таъмини китобхонаҳои ноҳияи Б.Ғафуров бо китобҳои тозанашр ва мизу курсӣ
Б.Ғафуров, 16.01.2016. ( АМИТ “Ховар”).- Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои иҷрои “Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2016” ва дар ин замина таъминоти китобхонаҳои ҷамоатҳои ноҳия бо китобҳои тозанашр, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва бахши фарҳанги ноҳия дар ҳамдастӣ бо Раёсати фарҳанги вилоятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз бахши фарҳанги ноҳия иттилоъ доданд, дар заминаи иҷрои барномаи мазкур дар давоми соли 2015 ба китобхона-бахшҳои ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ба маблағи умумии 11,5 ҳазор сомонӣ 482 китоб, аз ҷумла аз тариқи “Корвони китоб” 133 адад ба маблағи 2,5 ҳазор сомонӣ адабиёти нав харид шуда, дастрас гардид.
Ҳамзамон барои китобхонаҳои ҷамоатҳои Д.Холматов ва Ҳ.Усмонов ба маблағи 13,9 ҳазор сомонӣ мизу курсиҳо харид шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






