Таъмини волидайнро фарзандони ба балоғат расида ба уҳда доранд

Январь 16, 2016 11:48

Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Вале пас аз қатъи ақди никоҳ маҳз байни оила, падар, модар ва кӯдак баҳсу кашмакашиҳои зиёд ба миён меоянд. Вабаста ба пардохт ва гирифтани алимент, шарту уҳдадориҳо  бо Нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрӯ  Одинаева ҳамсуҳбат гардидем.

«Ховар»: Мегуфтед, ки созишномаи пардохти алимент бо кадом тарз баста мешавад?

Г.Одинаева: Созишномаи пардохти алимент (андоза,  шарт ва  тартиби  пардохти алимент)  дар  байни  шахсе,  ки  алимент месупорад ва шахсе,  ки онро мегирад ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст, алимент  супорад  ва  (ё)  гирандаи  алимент дар байни намояндагони қонунии  онҳо баста  мешавад.  Шахсони қобилияти  амалашон   маҳдуд созишномаи  пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.

Мувофиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва уҳдададориҳои алиментии тарафҳо новобаста аз бастани шартнома ба вуҷуд меоянд. Ин он маъноро дорад, ки уҳдадории алиментӣ ё ба таври ихтиёрӣ иҷро мешавад ё ин ки  бо роҳи маҷбурӣ  ба тариқи судӣ рӯёнида мешавад.

Шаҳрвандон бо созиши якдигар бо роҳи ғайрисудӣ созишномаи пардохти алиментро баста метавонанд. Созишномаи пардохти  алимент бояд дар шакли  хаттӣ баста шуда, ба тариқи нотариалӣ тасдиқ  шавад.  Тарафҳо созишнома оид ба  даст кашидан аз алиментро баста наметавонанд, чунки ин аҳд хилофи қонун аст.

Алиментсупоранда бояд шахси ба балоғат расида ва қобили амал бошад. Аз тарафи алиментгирандаи то синни 14 намояндаи қонунии ноболиғон баромад мекунад, ноболиғони аз синни 14 то 18  шахсан созишномаи алиментро бо розигии намояндаи қонуниаш мебанданд.

Созишномаи пардохти алимент, ки нотариус тасдиқ намудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад. Ҳангоми  саркашӣ намудан аз иҷрои созишнома он ба таври маҷбурӣ иҷро мешавад. Созишномаи  алимент азбаски ихтиёрӣ аст, бо розигии тарафҳо тағйир ва  бекор карда мешавад, лекин агар як тараф розӣ набошад, он гоҳ он ба тариқи судӣ ҳал мешавад.

«Ховар»: Дар созишномаи пардохти алимент кадом шартҳои асосӣ бояд нишон дода шаванд?       

Г.Одинаева: Дар созишнома тартиб, андоза ва усули пардохти алиментро тарафҳо мустақилона муайян мекунанд, лекин дар муқаррар кардани андозаи алимент тарафҳо бояд шартҳои дар қонун пешбинишударо риоя намоянд.

Андозаи муайяннамудаи алимент дар созишнома набояд аз андозаи муқарраркардаи қонун кам бошад, яъне барои 1 фарзанд на камтар аз чоряк, барои 2 фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он нисфи музди меҳнат ва даромади дигари волидон  муайян шудааст.   Дар созишнома  алимент аз ҳиссаи музди меҳнат ё даромад муайян мешавад ва инчунин пардохти алимент метавонад  даврагӣ, вақт- вақт ё якдафъаина сурат гирад.

Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои дигари пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.

Агар тарафҳо мувофиқа кунанд, алимент метавонад бо усули додани молу мулк низ пардохт шавад. Яъне чизу чора, пул, кору хизматҳо, молу мулки ғайриманқул ва манқул ҳамчун усули  додани алимент эътироф мешаванд. Қонунгузор дигар усулҳоро низ пешбинӣ кардааст. Лекин бояд дар ҳама ҳолатҳо манфиати алиментгиранда ба инобат гирифта шавад.

«Ховар»:  Мутобиқи қонунгузорӣ алиментро кӣ бояд пардохт намояд?

     Г.Одинаева: Мутобиқи қонунгузории оилавӣ уҳдадории таъминоти якдигар дар навбати аввал ба зиммаи волидон (фарзандхондкунандагон) ва фарзандон (фарзандхондшудагон), инчунин ҳамсарон гузошта шудааст.

Доираи алиментсупорандагон ва шахсоне, ки ҳуқуқи талаби пардохти алиментро доранд, дар қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда шудааст. Ин шахсон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд.

Гурўҳи якум, шахсоне, ки алиментро бояд дар навбати аввал пардохт намоянд, яъне волидоне, ки вазифадоранд фарзандони ноболиғ ва фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кумак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд. Чунин уҳдадории волидайн баъди ба синни ҳаждаҳ  расидани фарзандон, ба истиснои фарзандони ғайри қобили меҳнати ба кумак эҳтиёҷманд қатъ мегардад. Фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд,  ки волидони ғайри қобили  меҳнати  ба кумак  муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд.   Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати  моддӣ  дастгирӣ намоянд

Тибқи қонунгузории амалкунанда таъмин кардани волидайнро танҳо фарзандони ба балоғат расида ба уҳда доранд.

Гурўхи дуюм, шахсонеанд, ки алиментро бояд дар навбати дуюм пардохт намоянд, ин  бародарону хоҳарони ноболиғи муҳтоҷи ёрӣ дар сурати  аз  волидони худ  гирифта  натавонистани таъминот, ба тартиби судӣ аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати  худ,  ки  маблағи  заруриро доранд.  Чунин  ҳуқуқ  инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мўҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо  аз  фарзандони болиғи   худ  зан  ё  шавҳар  (зан  ё  шавҳари собиқ)  ё  волидонашон таъминотпулӣ  гирифта натавонанд.  Набераҳои ноболиғи мўҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот, ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ  аз бобою  бибии худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд. Ба гурўҳи дуюм  шахсоне низ дохил мешаванд, ки бо ҳамдигар тамоман ягон муносибати хешу таборӣ, инчунин муносибатҳои оилавӣ надоранд.

Падарандар ва модарандари корношоями мўҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари   худро  тарбия  ва  нигоҳубин кардаанд,  агар  онҳо  аз фарзандони  болиғи  қобили  меҳнат  ё  ҳамсари (ҳамсари  собиқи)  худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат,  ки  маблағи  зарурӣ доранд,  ба  тартиби  судӣ таъминот талаб намоянд

«Ховар»: Дар кадом ҳолатҳо уҳдадориҳо вобаста ба пардохти алимент тибқи созишнома қатъ мегарданд?

Г.Одинаева: Уҳдадориҳо вобаста ба пардохти алимент, ки дар созишномаи пардохти алимент муайян шудаанд, ҳангоми вафоти яке аз тарафҳо, ба охир расидани муҳлати амали созишномаи алимент, бекор кардани созишномаи алимент, ба тариқи судӣ бекор намудани созишномаи алимент, тибқи асосҳои дар созишнома пешбинишуда қатъ мегарданд.

Муносибатҳо вобаста ба алимент характери шахсӣ дошта, бо ин сабаб бинобар вафоти гирандаи алимент  ё ин ки пардохткунандаи алимент қатъ мегарданд.       Фарзандон аз пардохти алимент ба волидоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд. Инчунин фарзандон аз уҳдадориҳои таъмини волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки волидон аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ  саркашӣ мекардаанд.

Таҳияи Лайло Тоирӣ

Январь 16, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст
ТОҶИКОН ҶАҲОНРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД! Барномаи «Дурахшандагон» ба ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон кумак мерасонад
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»