Тавилдара: 46 ҳазору 326 сомонӣ кумакпулӣ ба ниёзмандон
Тавилдара, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Тавилдара фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” ба роҳ монда, мунтазам кӯшиш менамояд, ки вазифаҳои ба зимма доштаашро сари вақт иҷро намояд. Муассисаи мазкур дар соли 2015 4 ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озодро ташкил намуда, ба 88 корҷӯй роҳхат додааст, ки 28 нафараш бо кори доимӣ таъмин гардид.
Захираи меҳнатии аҳолӣ дар ноҳия 11 ҳазору 630 нафар, аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 4 ҳазору 970 нафар мебошад. Аз аҳолии қобили меҳнат 4 ҳазору 380 нафар расман ба иқтисодиёт машғул мебошанд. Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти шаҳрвандони бешуғл ва ҷалб намудани онҳо аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва бозгаштҳои шуъбаи агентӣ ба 77 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 280 ҳазору 730 сомонӣ қарзҳои бефоиз дода шудаанд.
Дар соли равон ба 69 нафар ба маблағи 46 ҳазору 326 сомонӣ аз ҳисоби бақияи маблағҳои соли 2014 ва маблағҳои нав кумаки яквақтаина расонида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






