Террористон меҳмонони хориҷиро ҳадафи тир қарор доданд
Душанбе, 16.01. 2016 (АМИТ «Ховар») — Дирӯз бегоҳӣ дар пойтахти кишвари Буркина Фасо шаҳри Уагадугу амали террористӣ содир шуд, ки бар асари он тибқи ҳисоби пешакӣ на кам аз 20 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Агентии AFP аз суханони сардухтури беморхонаи марказии пойтахти Буркина Фасо Робер Сангаре навиштаст, ки дар давоми як соат зиёда 15 нафар ҷароҳатбардоштагонро ба беморхона оварданд. Дар меҳмонхонаи мазкур асосан кормандони ташкилоти зертобеи СММ иқомат дошта, бештари хориҷиён низ ҳамин меҳмонхонаро интихоб мекарданд. Вазири корҳои дохилӣ Алфа Барри иттилоъ додааст, ки дар миёни ҳамлагарон аврупоиҳо низ будаанд. Террористон зимни ҳамлаи мусаллаҳона ба меҳмонхона бештар хориҷиёнро ҳадафи тир қарор дода, илова ба он якчанд нафари дигарро гаравгон гирифтанд.
Созмони террористии «Ал-қойида дар кишварҳои Мағриб» амали террористии содиршударо ба зиммаи худ гирифтааст. Неруҳои ҳукуматӣ амалиёти таъқиб намудани террористон ва озод кардани гаравгонҳоро дар якҷоягӣ бо неруҳои махсуси Фаронса амалӣ карданианд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






