«Тоҷикстандарт»: Дарёфти 16150 кг маҳсулоти сохтмонӣ бо тамғаи қалбакии “Алинекс”
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- “Дар заминаи таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз тарафи нозирон якҷоя бо намояндагони ширкатҳое, ки тамғаи молии ҳимоятшудаи онҳо дар бозори истеъмолӣ аз тарафи дигар соҳибкорон истифода шудааст, санҷишҳо амалӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, бо намояндагони ҶДММ “Фавр” ва ҶДММ “Барх” ва дар алоҳидагӣ дар натиҷаи санҷиш 16150 кг маҳсулоти сохтмонӣ бо тамғаи қалбакии “Алинекс” дарёфт ва аз муомилот гирифта шуданд. Тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба соҳибкороне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, дар 7 ҳолат парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, ҷазои маъмурӣ таъйин шуд”,- иброз намуд директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ҳамчунин ба иттилои И. Қурбониён бо дархости ҶДММ “Сардор-2008”, ки ба истеҳсоли донаҳои офтопараст бо тамғаи “Симба” машғул мебошад, аз бозори истеъмолӣ маҳсулоти қалбакии корхонаи мазкур ошкор ва аз муомилот гирифта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






