Қурғонтеппа: 1 миллиарду 751 миллион сомонӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ “Ховар”). -Аз 1 январи соли 2016 дар шаҳри Қурғонтеппа «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Қурғонтеппа барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор гирифт. Дар доираи ин барнома татбиқи зиёда аз 130 лоиҳа пешбинӣ шуда, маблағгузории он дар тӯли 5 соли оянда (солҳои 2016-2020) ба ҳамаи соҳаҳо ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1 миллиарду 751 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи ин барнома, дар минтақаи саноатӣ бунёди 12 корхонаи истеҳсолӣ дар назар дошта шуда, тӯли солҳои 2016-2020 дар шаҳр сохтмону барқарорсозии зиёда аз 60 иншоот аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони 2 муассисаи таълимӣ бо 1240 ҷойи нишаст, ки маблағи лоиҳавии пешбинишудаи он 26 млн. 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони биноҳои иловагӣ дар 5 муассисаи таълимӣ бо 2280 ҷойи нишаст, маблағи пешбинишудаи он 27 млн. 650 ҳазор сомонӣ, сохтмони муассисаи таълимии томактабӣ бо 120 ҷойи нишаст бо маблағи 2 млн. 300 ҳазор сомонӣ ва дигар биноҳои таълимию табобатии замонавӣ низ дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






