Вазири корҳои хориҷии Афғонистон қумандонҳои саҳроии «Толибон»-ро ба музокирот даъват кард
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ аз тамоми қумандонҳои ҷунбиши «Толибон» даъват кард, ки бо ҳукумати марказӣ сари мизи музокирот нишинанд. Дар ин бора хабаргузории «Пажвок» бо такя ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон хабар медиҳад.
«Ман аз тамоми қумандонҳои саҳроии ҳаракати «Толибон» даъват мекунам, ки пешниҳоди ҳукумати марказӣ барои сулҳ дар кишвари моро дастгирӣ намуда, сари мизи музокирот нишинанд», — иқтибос меорад хабаргузорӣ аз изҳороти Кобул.
Бино ба итилои ТАСС, рӯзи душанбе дар пойтахти Афғонистон мулоқоти дуввуми намояндагони баландпояи Покистон, Афғонистон, Чин ва ИМА дар иртибот ба муҳокимаи лоиҳаи «харитаи роҳ» барои барқарор намудани робитаҳои қатъгардида бо «Толибон» баргузор гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






