Вохӯрии намояндагони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ҷопон
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҷопон вохӯрӣ доир намуданд.
Намояндагони Ҷопон Ёшиюки Ватанбе ва Сатоши Итабаширо сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Азизуллозода Сафиало Азизулло самимона пазируфта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, инчунин мубодилаи таҷриба ва иттилоотро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки баробари рушду тараққиёти ҷомеа, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ низ шакли худро дигар мекунад, тавассути технологияи муосир ва интернет ҳудуди таъсири он низ васеъ мегардад. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои дунё бо ин падидаҳои номатлуб танҳо дар якҷоягӣ ва дастгирии якдигар метавонанд муборизаи беамон баранд.
Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилии ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ хотима ёфт.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






