«Золушка» -ҳамнафаси мактаббачагони шаҳри Хуҷанд
Хуҷанд, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Шурӯъ аз оғози таътили зимистонаи мактаббачагон дар саҳнаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоишномаи солинавӣ бо номи “Золушка” ҷараён дорад. Тавре ки саррежиссёри театр Қурбон Бобоҷонов иттилоъ дод, эҷодкорони театри мазкур баҳри хушу гуворо ва хотирмон гузаронидани таътили зимистона ба хонандагони мактабҳои миёнаи маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он армуғони солинавиро бо таҳия намудани намоишномаи нав аз рӯи асари машҳури Шарл Перро “Золушка” пешкаш намуданд.
Намоишномаи солинавӣ то 26-уми январи соли равон ба тамошобинони хурдсоли мактабҳои вилоят пешкаш мегардад.








Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад






