Афсарону сарбозон рисолати фарзандии худро бо сарбаландӣ адо мекунанд
Душанбе, 20.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан–модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҷавонони муассисаи таълимиро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад»,-гуфт директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳусейнзода Шавкат зимни баргузории чорабинӣ бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бо иштироки 12 афсару сарбози Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷараён гирифт, хонандагони ин муассисаи таълимӣ барномаи фарҳангӣ, ки иборат аз суруд дар васфи Ватан, Модар ва саҳначаҳои ҷолиб аз ҳаёти афсарон буд, бо маҳорати баланд пешкаш карданд.
Меҳмонон, ки намояндагони вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯст, Комиссариати ҳарбӣ ва ҲХДТ буданд, аз ҷасорату мардонагии садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тайи 23 сол ёдовар шуданд.
Дар ниҳоят чорабинии варзишӣ низ баргузор гардид, ки афсарону сарбозон ба мактаббачагон тартиби истифодаи яроқро нишон доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






