Қайроққум: Вохӯрии намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо хатмкунандагон
Қайроққум, 10.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Қасри фарҳанги шаҳри Қайроққум мулоқоти озоду шаффофи намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони ин шаҳри саноатӣ баргузор шуд.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов гуфт, ки аз соли 2001 ин ҷониб бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби ҷавонони навоҳии дурдаст ба мактабҳои олӣ квотаи президентӣ роҳандозӣ шуда, садҳо нафар тавассути ин иқдом соҳибкасб гардиданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ташкилоти ҷамъиятӣ Мирзотоҳир Набиев ҷалби хатмкунандагони шаҳрро ба мактабҳои олии кишвар хуб арзёбӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар соли хониши 2015 аз 520 хатмкунандаи шаҳр 201 нафар аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуданд, ки ин нишондиҳанда қаноатмандкунанда аст. Аммо бо вуҷуди ин ҳанӯз довталабоне ҳастанд, ки дар интихоби касб мушкилӣ мекашанд ва чорабинии имрӯза имкон медиҳад, то довталаб роҳи дурустро интихоб кунад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






