Ҷаласаи Кумитаи рушди маҳал оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- 22 феврал дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кории назди раиси кумита баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаи асосӣ- муҳокимаи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Раиси кумита Қосим Роҳбар гуфт, ки қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 феврали соли 2016 аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ки дар доираи ин чорабинӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро мебаранд.
Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқ ва назорати кумита Н. Махсудов оид ба пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфта, зарурати аз 100 модда ба 38 моддаи амалкунандаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани ҳамагӣ 63 тағйиру иловаҳоро асоснок кард, ки дар ҷараёни раъйпурсии умумихалқӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси кумита Қосим Роҳбар аз иштироккунандагони маҷлис даъват намуд, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳоро якдилона дастгирӣ кунанд ва дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 доир мегардад, фаъолона иштирок намоянд. Дар фарҷом Қосим Роҳбар ба муносибати 23 -юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони кумитаро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоламон сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу намуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






