Ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ

Февраль 25, 2016 08:53

Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 22 феврали соли 2016 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Самад Зафар иштирок намуд.
Ҷаласа бо мақсади баррасӣ ва тасдиқ намудани ҳайати аъзои кумитаи роҳбарикунанда, интихоби раис ва раисикунанда, муҳокимаи натиҷаҳои таҳияи барнома ва шарҳи натиҷаҳои таҳияи он баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, коҳиши талабот ба воситаҳои нашъадор, пешгирии ВНМО, адлияи ҷиноятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар чорчӯбаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019) муҳокима гардиданд.

Февраль 25, 2016 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад