Ҷалби кормандони ғайриихтисоси КМТ ба курсҳои бозомӯзӣ
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Давраи омӯзиши машғулияти компютерӣ барои кормандони ғайриихтисос дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2015 шурӯъ гардид, дар оғози соли равон бо тақдими сертификатҳо ба анҷом расид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ташкили давраҳои омӯзиширо иқдоми хеле наҷиб дар роҳи такмили таҷриба ва ихтисос хонда, гуфт, ки ба ин омӯзишҳо аслан нафароне ҷалб гардидаанд, ки бо ихтисосҳои дигар шомили кор дар китобхона шудаанд. Директори китобхона иброз дошт, ки аз ин ба баъд ин анъанаро бояд идома дод, то кормандон дарку фаҳмиши худро дар масоили китобхона ва китобдорӣ афзун намуда, маҳорати кории худро сайқал диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки давраи омӯзиши машғулияти компютерӣ барои кормандони ғайриихтисос бо ташаббуси Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, то имрўз зиёда аз 365 корманди китобхонаҳои ҷумҳурӣ давраҳои омўзиши донишҳои китобдорӣ — библиографӣ ва омўзиши донишҳои компютериро хатм намуда, соҳиби сертификат гардидаанд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






