Ҳалли мушкилоти минтақаҳои наздисарҳадӣ

Февраль 9, 2016 10:20

Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Исфара, Б.Ғафуров, Хоруғ, Шуғнон, Рашт, Фархор, Мӯъминобод ва Шӯробод дар таърихи вобаста ба масъалаҳои сулҳоварӣ, пешгирии низоъҳои обӣ, сарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, андешидани тадбирҳои фаврӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ, истифодаи неруи занон дар масъалаи муқовимат ба паҳншавии ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва иштирок дар равандҳои сулҳоварӣ машварат доир намуданд.
Дар ҷаласаҳо кормандони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, маориф, тандурустӣ ва сохторҳои қудратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, собиқадорон, занони фаъол, аъзои шӯроҳои занон, раисон ва муовинони раисони ҷамоатҳо, раисони маҳалаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуда, масъалаҳои муҳокимашавандаро баррасӣ намуда, таклифу пешниҳоди худро оид ба масоили мазкур иброз доштанд.
Аз ҷумла, ташкили гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти қудратӣ, кор бо занон, ҷавонон, маориф, тандурустӣ, собиқадорони меҳнат, занони фаъол барои баланд бардоштани савияи дониш ва ҳушёрии сиёсии аҳолӣ барои анҷом додани вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, ташкили гурӯҳҳои зудамал аз ҳисоби фаъолони шаҳру ноҳия, намояндагон аз соҳаи тандурустӣ ва маориф, ҷавонон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастрасии маводи таблиғотӣ бо нишон додани рақамҳои телефон барои тамос ҳангоми муайян шудани ҳолатҳои номатлуб ва ё сар задани низоъ, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои савдои ниёзи мардум, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, варзишӣ, ташкили мубодилаи таҷриба байни занон дар соҳаи иқтисод ва кишоварзӣ ҳамчун таҷрибаи дурусти мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои ноҳияҳои ҳамсарҳад, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пойдору устувор нигоҳ доштани оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии бемориҳои мухталиф, аз ҷумла, бемории ВНМО, ташхиси ҳатмии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таклифу пешниҳод гардиданд.

Февраль 9, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд