Ҳамадонӣ: 1млн. 810 ҳазор сомонӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ
Ҳамадонӣ, 01.02.2016 (АМИТ«Ховар»).- Вализода Абдуқодир, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо мақсади беҳтар кардани шароити мактабҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз ҳисоби буҷети ноҳия 1млн. 810 ҳазор сомонӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ҷудо шудааст.
Дар ин давра сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ ва бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия ба анҷом расида, барои истифода пурра омода гардонида шуд. Ҳоло сохтмони муассисаи таълимии №43, бинои муассисаи нотамом дар деҳаи Пушкин барои 624 хонанда, 6 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №39 ва сохтмони дигар муассисаҳои таълимӣ бо суръат идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






