Ба беш аз 70 навдаъватшуда рутбаи сержанти хурд дода шуд
Душанбе, 23.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадӣ бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ ва шарҳи Паёми навбатии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мирзозода бо афсарон, прапоршикон ва сарбозони навдаъватшудаи маркази таълимии «Пойтахт» баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ вобаста ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат бобати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, омодабошии ҷангӣ ва малакаи касбии низомиён, вусъати корҳои тарбиявӣ ва ҳисси ватанпарварии хизматчиёни ҳарбӣ, садоқати онҳо ба Ватан, риояи интизоми ҳарбӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои соҳа, инчунин мубориза бар зидди қонуншиканиҳо ва дар навбати аввал кирдорҳои коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳое, ки ба ҳаёти ҷомеаи имрӯза, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар дахл дорад, муфассал маълумот дод.
Сарпрокурори ҳарбӣ афсарону сарбозони қисми низомиро бо 23-юмин солгарди Артиши миллӣ табрик намуда, барои риояи қатъи қонун, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷинояту ҷинояткорӣ дар сафи қӯшунҳои сарҳадӣ ибрози ақида намуд.
Дар хотима ба беш аз 70 навдаъватшуда рутбаи сержанти хурд дода шуд.
Чунин вохӯрӣ бо ширкати муовини Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои тарбиявӣ Б. Мирзоев ва намояндагони сарпрокуратураи ҳарбӣ дар Омӯзишгоҳи Олии сарҳадии КДАМ ҶТ баргузор гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






