Хушҳолию сари баланди модарон аз чист?
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар») – «Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи ҳамагӣ садсола дорад. Вале имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон — мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд» — бо ҳамин суханон Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми марти соли 2009 ба занону духтарон муроҷиат карда, таклиф намуда буд, ки ҳама сола рӯзи 8-уми март ҳамчун Иди Модар ҷашн гирифта шавад. Сарвари давлат зимни пешниҳоди худ чунин изҳор кард: «Имрӯз — дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – иди модаронро бо асолаташ эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз қаъри асрҳо эҳтироми зан-модарро пос медорад. Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд. Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта шавад, вале на чун ҷашни маснӯие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва муҳтавои азалиаш таҷлил гардад».
Инак, соли ҳафтум аст, ки дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми март ҳамчун Иди Модар ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки миёни хонандагон бо саволи «Хушҳолию сари баланди модарон аз чист?» назарпурсӣ баргузор намояд (ниг. ба гушаи назарпурсӣ).








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






