Бардошт аз Паём: Истиқлолияти энергетикӣ- яке аз се ҳадафи стратегӣ
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз аз ироаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 рӯз сипарӣ гардид. Ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю муассисаҳо шарҳи он барои аҳолӣ идома дорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар мебошад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, изҳор намуд: «Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем».
Аз ин лиҳоз, ҳамаи шаҳрвандони касбу кори гуногун бояд, ки барои ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми муносиби худро гузоранд. Саҳми назарраси мо, шаҳрвандон — ин истифодаи таҷҳизоти техникии каммасрафи ҳозиразамон мебошад, зеро ноил гардидан ба ин неъмат аз мо вобастагии калон дорад. Пешвои миллат низ дар ин маврид гуфт: «То ба имрӯз ҳаҷми неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда барои таъмин намудани инкишофи устувори иқтисодиёт кифоят намекунад. Аз ин хотир моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз зикр намуд, ки: « Ман ҳоло бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо бо такя ба неруи созандаи мардуми соҳибмаърифти худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо ба ҳамаи мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем».
Мо бояд ҳамаи гуфтаҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори кишвар пешниҳод гардиданд, сармашқи кори худ қарор диҳем.
Аслан Паём танҳо иҷрои кору вазифаҳоро дар зарфи як сол дар бар мегирад. Таърих гувоҳ аст- корҳое, ки дар ин як сол амалӣ мегарданд, барои садсолаҳо боқӣ мемонанд. Моро лозим аст, кӯшишу талошҳои худро дар амалӣ гардидани ин вазифаҳо дареғ надорем.
Шукӯҳи Далер








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






