Баррасии иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар Хатлон
Қурғонтеппа, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар).-Дар шаҳри Қурғонтеппа ҷаласаи назди муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид, ки дар он ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа иҷрои қонуни мазкур дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳисоботи мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила оид ба иҷрои қонуни мазкур шунида шуд.
Маълум гардид, ки иҷрои қонуни мазкур на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, М. Хидирзода ба муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






