Баррасии масъалаҳо вобаста ба ҳаёти ҷавонон дар Файзобод
Файзобод, 08.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, ШКДАМ, ШВКД, прокуратураи ноҳия, Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба тарғиби муҳтавои нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро бо фаъолону ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохўрии муштарак баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Умед Раҳимов вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷомеа ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин прокурори ноҳия Азиззода Сафо Саид дар масъалаи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва даст задан ба ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили одамкушӣ, худкушиву худсӯзӣ иброз дошт, ки ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа байни ҷавонону наврасон имрӯзҳо ба чашм мерасанд ва пешгирӣ намудани ин ҳодисаҳои нангин вазифаи ҳар як ҷавони бо нангу номус ба ҳисоб меравад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






