Баррасии муҳтавои Паём зимни мулоқот бо вакили мардумӣ
Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 24 феврал дар литсейи 1-и шаҳри Чкалов бо иштироки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, фаъолони маҳал ва дар муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр бо иштироки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов баргузор гардид.
Ҷаббор Ахмедов оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таваҷҷуҳ равона намудан ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, оид ба диққати махсус зоҳир намудани Ҳукумати мамлакат ба дастгири давлатии ҷавонон ва дигар масоили мубрам сухан гуфт.
Дар интиҳои мулоқот масъулини сохторҳои гуногуни шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат ва пешниҳодот оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.
Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






