Баррасии ҳолати омодагии варзишгарон ва имконияти дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар соли 2016
Душанбе, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-. 12 феврали соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо варзишгарони дастаи яккачини ҷумҳурӣ ва сармураббиёни дастаҳо оид ба омодагӣ барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-Де-Женейро- 2016 вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳолати омодагии варзишгарон ва имконияти дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар соли 2016 аз ҷониби роҳбарияти кумита ва варзишгарон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода гуфт, ки мо тамоми имконияти мавҷударо барои омодагӣ ва дарёфти роҳхати варзишгарон барои иштирок дар Бозиҳои олимпии 2016 равона намудаем.
Ҳамзамон дар мулоқот зикр шуд, ки ҳар як варзишгар барои қишри ояндасози ҷомеа — ҷавонон идеал буда, ҳар як амали созандаи онҳо барои дар руҳияи меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон таъсири мусбат мерасонад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






