БДА ВКД: Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошед!
Душанбе, 10.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ 9-11 феврали соли равон якбора паст шудани ҳарорати боду ҳаво ва боридани барфу борон дар назар аст. Дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ туман ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани тарма дар назар дошта шудааст.
Бинобар ин, ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш-занҷир, таноб ва дигар лавозимоти заруриро бо худ гиранд.
Ронандагонро мебояд бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






