БМТ: “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон” асоси пешрафти ҷомеа мебошанд
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади шарҳ додани зарурати дастгирии пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ» 22 феврал бо иштироки роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар бобати зарурат, замина ва аҳамияти пешниҳоди мазкур сухан гуфта, иброз дошт, ки қабули «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муқаррароти асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад. Онҳо маҳз барои рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва рушди забони давлатӣ равона шудаанд.
Кормандони воҳидҳои сохтории бонк пешниҳоди номбурдаро тақозои замон номида, қабули онро ба манфиати давлату ҷомеа донистанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки такмилу мукаммалсозии қонуни асосӣ дар ҳама гуна кишвар ба хотири пешрафти бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мардум анҷом дода мешавад. Зикр гашт, ки тағйирот ва иловаҳо дар пешниҳоди мазкур дар тарғиби расму анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, масъулияти онҳо дар назди ҷомеа, ба камол расонидани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши арзанда хоҳанд дошт.
Дар баробари ин, махсус зикр гардид, ки тағйироти пешниҳодшуда дар оянда имконият медиҳанд, то қишри бонуфузи ҷомеа минбаъд низ дар рушди худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва сулҳу субот ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои волои ин давлату ҷомеа бошанд.
Ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон пуштибонии худро аз «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ» изҳор дошта, аз аҳли нишаст даъват намуданд, ки дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйиру иловаҳои зикршуда бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар рушди ҷомеа саҳми босазо гузоранд.
Хотиррасон мекунем, ки мутобиқи талаботи моддаҳои 57, 98 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 8, 11, 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад






