Боздиди Рамазон Ҳамро аз Раёсати сохтмони асосӣ, Шуъбаи милитсияи экологӣ ва Хадамоти кинологӣ

Февраль 8, 2016 11:59

Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Раёсати сохтмони асосии ВКД рафта, ҳамзамон аз воҳидҳои ҳамшафати он- Шуъбаи милитсияи экологӣ ва Маркази хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд.
Вазир бо шароити корӣ ва ҷараёни хизматбарии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мазкур шинос гардид. Бинои асосӣ, утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншоот ба наздикӣ аз таъмиру тармими пурра бароварда шуда, бо асбобу анҷоми зарурӣ ва воситаҳои техникӣ таъмин шудаанд. Ҳамчунин, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мазкур вохӯрӣ доир намуда, аз фаъолияти корӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта пурсон шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта, барои ҳайати шахсии мақомот тамоми шароитҳои заруриро муҳайё месозад, ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҳар як корманд вазифаҳои худро софдилона ва поквиҷдонона иҷро намояд.
Ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ аз фаъолияти ҳаррӯзаи кормандон маншаъ мегирад.
Вазири корҳои дохилӣ оид ба бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар Раёсати сохтмони асосӣ, Шӯъбаи милитсияи экологӣ ва Маркази хадамоти кинологӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои иловагӣ дод.

Февраль 8, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд