Бунёди кӯдакистон барои 240 кӯдак
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар кӯчаи Озодии маҳаллаи “Чорчароғ” -и шаҳри Хуҷанд муассисаи таълимии томактабӣ барои 240 кӯдак ба истифода дода мешавад.
Кӯдакистони мазкур то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, 50 нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд.
Аз рӯи лоиҳа намуди зоҳирии муассисаи мазкур ба кӯдакистони президентӣ шабоҳат дошта, аз 3 ошёна иборат аст ва дар ошёнаи саввум гурӯҳҳои забони англисӣ, русӣ ва компютерӣ ҷой дода мешаванд. Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 3 ҳазор кӯдак дар шаҳри Хуҷанд боз се кӯдакистони дигар низ ба истифода дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






