Дар Чин ҳолати аввалини сироятшавӣ аз вируси Зика ба қайд гирифта шуд
Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора агентии «Синхуа» бо ишора ба Кумитаи давлатии кор бо тандурустӣ ва танзими оила дар Чин хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 9-уми феврал кумитаи номбурда маълумот дар бораи ҳолати аввалини сироятшавии вируси Зикаро тасдиқ кардааст.
Ҳоло ҳолати бемор, ки сокини 34-солаи шаҳристони Гансяни музофоти Тсзянсии Чин мебошад, беҳтар гардида, ҳарорати муътадил дорад ва доначаҳои бадани ӯ нест шуда истодаанд.
28-уми январ зимни сафар ба Венесуэла таби бадани мард баланд шуда, дар ӯ дард ва чархзании сараш пайдо шуданд. 5-уми феврал ӯ тавассути Сянган ва Шэнчжэн ба зодгоҳи худ баргаштааст.
Аз 6-уми феврал ин ҷониб бемор дар зери назорат буда, дар бемористони Гансян табобат гирифта истодааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






