Дарси муосир: ДМИТ ҷонибдори такмили ихтисос аст
Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи молия ва иқтисод дар вақти таътили донишҷӯён дар донишкада барои омӯзгорон курсҳои такмили ихтисос ташкил шуданд, ки барои баланд бардоштани малака ва маҳорати педагогии онҳо мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии низоми кредитии таҳсилот баргузор гардиданд. Дар он Нарзулло Сангинов, н.и.и., дотсенти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва Тошматов М.Н., н.и.и., профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даъват шуда, дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси татбиқи низоми кредитии таҳсилот бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ» сухан гуфтанд. Мутахассисон дар бораи ҷараёни Балония — талабот ва хусусиятҳои хоси фазои ягонаи таҳсилот, таҳияи модели сифати таҳсилот барои ҳар як фанни таълимӣ сухан карда, аҳамияти соатҳои ҷудошударо барои корҳои мустақилонаи донишҷӯ муҳимтар донистанд.
Дар ҷамъбасти дарс дастуру супориш дода шуд, ки устодону профессорон барои дарсгузарӣ лексияҳои шакли нав таҳия карда, дар он бештар суолу масъалаҳо вобаста ба ҳолати воқеиро ҷой диҳанд ва донишҷӯро барои баҳс намудан бо мақсади инкишофи тафаккури созанда ва дарки вазъи воқеӣ водор созанд.
Ҳадафи талаботи нав ба мустақилият роҳнамун сохтани мутахассисони ояндаи давронсоз ва дар фаъолияти минбаъда дар ташкилоту муассисаҳо ба мушкилиҳо дучор наомадани онҳо мебошад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






