Даъвати гурӯҳи «Пешоҳанг» ба ватандӯстӣ
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз намояндагони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ва ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 19, 32 ва 67-и ноҳияи Синои пойтахт вохӯриҳо баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Рустам Холзода зикр кард, ки «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар вохӯриҳояш бо ҷомеа таъкид менамояд, ки дастгирии наврасону ҷавонон дар соҳаҳои гуногун бояд аз масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷа бошад».
Инчунин Аҳмадхуҷа Давлатов, Саидҷамол Муродов ва Наврӯз Ҳасанов- аъзои фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» баён намуданд, ки ҷавонону наврасони тоҷик фирефтаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша нагашта, аз пайи андӯхтани илму дониш, гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ ва ободии кишвари азизамон бошанд ва ҳар порча хоку оби Ватанро азиз бидонанд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






