ДМИТ: Паём хосияти иҷтимоӣ дошта, ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон равона шудааст
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва кормандону магистрантони донишкада барои баррасии Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷаласа оид ба нуктаҳои асосии Паём профессори донишкада Д.О. Қандиёрова ва дотсент Ғуломҷон Мирзоев сухан гуфтанд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки дар соли 2015 ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Паём чун солҳои гузашта хосияти иҷтимоӣ дошта, аслан ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон равона шудааст.
Ҳамчунин дар анҷоми мизи мудаввар устодону донишҷўёни донишкада доир ба нуктаҳои асосӣ ва бунёдии Паём музокира карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






