«Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат»

Февраль 22, 2016 16:00

Душанбе, 22.02.2016.(АМИТ «Ховар).- Таҳти чунин унвон  27 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе  бо ибтикори созмони ҷамъиятии байналмилалии «Муколамаи Авруосиё»  конфронси илмии ҷумҳуриявӣ  баргузор мегарадад.

Конфронс  ба муносибати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» доир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, қонуни мазкур санаи 9 декабри соли гузашта аз ҷониби вакилони палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд. Дар конфронс  нақши таърихии Пешвои миллат -Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими тамаддуни моддӣ ва маънавии ҷомеа матраҳ мегардад.

Интизор меравад, ки дар конфронси ҷумҳуриявӣ олимону донишмандон, сиёсатшиносон, шоирону муаррихон ва ҷомеашиносон  доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон; Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон-омӯзгор, мураббӣ ва махзани  маънавии миллат; Ташаккули  лидери умумиллии тоҷикон; Раҳнамо ва меҳрпарвари миллат; Пешвои барҳақ; мақоми Пешвои миллат  дар танзим ва рушди  маориф; Роҳ ба сӯи рушди устувор  бо Пешвои миллат; Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат  ва нақши таърихии ӯ  дар рушду пешравии комплекси агросаноати Тоҷикистон маърӯза менамоянд.

Кори конфронс дар бахшҳо  идома ёфта, иштирокдорони он доир ба нақши  Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ; Пешвои миллат  ва таърихи  навин; Хизмати таърихии Пешвои миллат; Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  эҳёгари давлати миллии тоҷикон; Нашъунамои забони давлатӣ тантанаи сиёсати  миллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон; Нақши суннати хирадгароии миллӣ  дар сиёсати  давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори дипломатияи навини  Тоҷикистони соҳибистиқлол табодули афкор мекунанд.

Ҳамзамон дар ҷараёни конфронси ҷумҳуриявӣ намоиши филм дар бораи Пешвои миллат дар назар аст.

 

 

Февраль 22, 2016 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад