Фаъолияти Маъмурияти муваққатӣ дар “Фононбонк” анҷом ёфт

Февраль 15, 2016 09:18

Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 феврали соли равон фаъолияти маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фононбонк”-ро бинобар бартараф шудани асосҳое, ки боиси таъйини он гардида буданд, анҷомёфта ҳисоб намуд.
Бино ба иттилои БМТ, дар робита ба қарори мазкур, роҳбарияти ҶСП “Фононбонк” уҳдадор шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбуд бахшидани вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Февраль 15, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш