Фаронса ба сулҳи Сурия умед дорад
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»). Вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро вобаста ба эълон шудани оташбас дар кишвари Сурия изҳор кард, ки Фаронса бо таваҷҷуҳи хос ба амалишавии эълони оташбас, ки бояд 27-уми феврал оғоз гардад, назар дорад.
«Ҳоло мо ҷузъиёти созишномаро мавриди омӯзиш қарор додаем. Зарур аст, ки созишномаи мазкур ҳарчӣ зудтар амалӣ карда шавад. Мо назорат мекунем, ки бандҳои созишнома аз тарафи ҳарду ҷониб ҳатман ва пурра риоя ва амалӣ гардад», — гуфтааст вазири корҳои хориҷии Фаронса.
Хотиррасон бояд шуд, ки Департаменти давлатии ИМА дирӯз изҳороти якҷояи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Русияро пахш кард, ки тибқи он аз 27-уми феврал оташбас дар ҳудуди Сурия ҷорӣ мегардад.
Мувофиқи созишнома неруҳои ҳарбии давлатии Сурия ва шарикони он, аз ҷумла неруҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия ва неруҳои эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА дар давраи оташбас ҳамла ба мавқеъҳои дастаҳои ҷангии созмонҳои террористии ДИИШ ва «Ҷабҳат-ан-нусра»-ро идома медиҳанд. Яъне, созишнома дар бораи эълони оташбас нисбат ба гурӯҳу созмонҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ҳамчун гурӯҳҳои террористӣ шинохтааст, татбиқ намешавад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






